ТОҶИКӢ ....РУССКИЙ

Руйхати асосӣ

  • Асосӣ
  • Дар бораи Китобхона
  • Сохтори Китобхона
  • Аксҳо
  • Хизматрасонӣ
  • Робита
  • Нашрҳои мо
  • Маҷалла
  • Фонди тилоӣ

Пурсиш

Шумо дар сомона бисёртар чиро дидан мехоҳед?
 

Ифтихори мо

Loiq.jpg

Designed by:
SiteGround web hosting Joomla Templates

Китобхонаи миллӣ - нигоҳдорандаи мероси илмӣ
ва фарҳангии халқи тоҷик

Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи  Абулқосим Фирдавсӣ соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993 Китобхона мақоми миллиро соҳиб шуд. Дар фондҳои китобхона 3 миллиону 326 ҳазору 300 нусха  китобу дастхатҳои нодир маҳфузанд ва аз онҳо беш аз 35000 нафар хонандагони доимӣ истифода мекунанд.

Давомаш
 

Бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон


4 сентябри соли 2007 бо иштироки Президенти мамлакат хишти аввали сохтмони бинои нави Китобхонаи миллӣ гузошта шуд. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи тарҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ дар асоси озмуни байналмилалӣ амалӣ шуд. Дар озмун меъмори маъруфи тоҷик, директори ҶСНК «Гипропром» Сироҷиддин Зуҳуритдинов гардид. Барои таҳияи лоиҳа муаллиф сохти китобхонаҳои қадима ва ҳозираи мамолики Шарқу Ғарб ва сарчашмаҳои таърихии ба ин мавзӯъ марбутаро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додааст.

Давомаш